Мансабдорони тоҷикро барои ҳисоботи дурӯғ ҷазо медиҳанд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинВазорати адлияи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Вазорати адлияи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ҳисоботи омории ҳам ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам ниҳодҳои хусусӣ ба воқеият дуруст намеояд.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 6 май лоиҳаи иловаҳо ба Кодекси маъмурии кишварро қабул намуд, ки тибқи он барои пешниҳоди омори дурӯғ ҷазо пешбинӣ шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Подписание документа - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси омор 331 мақомро барои ироъаи гузоришҳои носаҳеҳ ҷарима кард

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, бо қабули иловаҳо ба Кодекси маъмурӣ, шахсони мансабдор ва афроди ҳуқуқӣ дар сурати нодуруст ва ё нопурра пешниҳод намудани омор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Вазири адлия афзуд, ҳадаф аз ин навгонӣ роҳандозии омори дурусти давлатӣ дар кишвар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик гуфт, ҳам намояндагони бахши хусусӣ ва ҳам бахши давлатӣ ба пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғи оморӣ даст мезананд.

Раисҷумҳур гуфта буд, ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд. Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад.

Лентаи хабарҳо
0