ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар соли ҷорӣ Ожонси омори Тоҷикистон беш аз се сад мақомро барои гузоришҳояшон ба маблағи беш аз 87 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст, менависад хабаргузории "TojNews".
"Дар бештаре аз маворид онҳо барои сареъан ва ё бо иштибоҳот ироъа кардани гузоришҳо ҷарима шудаанд", — хабар дод муъовини мудири Ожонси омор Қиёмиддин Нуров.
Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 331 нафар аз мақомот, аз ҷумла раҳбарони корхонаҳои давлатӣ, ҷарима шудаанд. Маблағи умумии ҷаримаҳо 87 ҳазор сомонӣ шуда 80% ин маблағ ба будҷа ирсол шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли гузашта ба иттилоъи Ожонсӣ, маблағи ҷаримаҳо барои нақзи муқаррароти ироъаи гузоришҳо 115 ҳазор сомонӣ шуда буд. Он замон 427 нафар ҷарима шуда буданд.