Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 127-и феҳрасти кишварҳои муносиб барои модарӣ

© Sputnik / Амир ИсаевТаҳияи ғизо
Таҳияи ғизо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои таҳияи ин феҳраст аз манобеъи тавлидоти нохолиси миллӣ ба ҳар як сари аҳолӣ, ҳузури занон дар ҳукумат ва ҳамчунин омори фавти модар ва фавти навзодон истифода шудааст.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти шароити муносиб барои модарӣ ҷойгоҳи 127-умро касб кардааст ва ин феҳраст аз сӯйи созмони дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони Save the Children таҳия шудааст.

Барои таҳияи ин феҳраст созмон аз омори тавлидоти нохолиси миллӣ ба ҳар як сари аҳолӣ истифода кардааст ва тибқи он дар Тоҷикистон ин мизон ба $990 (омори соли 2013) мебошад, теъдоди занон дар ҳукумати Тоҷикистон — 15,2% мебошад. Таҳиякунандагони феҳраст мавориди фавти модар дар кишварҳо ва фавти навзодонро низ ба инобат гирифтаанд.

Бо дарназардошти ин омор Тоҷикистон дар ин феҳраст дар миёни 179 кишвар ҷойгоҳи 127-умро касб кардааст.

ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад

Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ нишондоди беҳтар аз Белорус аст — ҷойгоҳи 25. Сипас Русия — ҷойи 56, Қазоқистон ҷойгоҳи 58, Украина дар мавқеъи 69 қарор гирифтааст, Озарбойҷон дар ҷойи 90, Туркманистон — 99, Арманистон — 103, Қирғизистон — 107 ва Ӯзбекистон дар ҷойгоҳи 118 қарор доранд.

Беҳтарин кишвари дорои шароити модарӣ Норвегия ном бурда шудааст. Пас ин кишвар Финляндия, Испания ва чанд кишвари аврупоӣ қарор гирифтаанд.

ИМА дар мавқеъи 33 ва Чин дар ҷойгоҳи 61-уми ин феҳраст қарор доранд.

Бадтарин шароит барои модариро тибқи феҳрасти Save the Children кишварҳое назири Сомалӣ, ки дар ҷойгоҳи ахири ин феҳраст қарор дорад ва Конго, Ҷумҳурии Марказии Африқоӣ, Малӣ ва Ниҷерия доро мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0