https://sputnik.tj/20150408/1015099557.html
ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад
ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
СҒД “Шаҳрванд” бо дастгирии молии Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба занон ва хонаводаҳое, ки онҳоро ҳамсарони муҳоҷирашон партофтаанд, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд. 08.04.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-04-08T15:33+0500
2015-04-08T15:33+0500
2021-08-10T14:40+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
олмон
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, олмон, кӯлоб, додарбек сайдалиев, холгер грен, сафорати олмон дар ҷт, сғд "шаҳрванд", ёрдами маънавӣ
муҳоҷират, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, олмон, кӯлоб, додарбек сайдалиев, холгер грен, сафорати олмон дар ҷт, сғд "шаҳрванд", ёрдами маънавӣ
ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад
15:33 08.04.2015 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) СҒД “Шаҳрванд” бо дастгирии молии Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба занон ва хонаводаҳое, ки онҳоро ҳамсарони муҳоҷирашон партофтаанд, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Занонеро, ки шавҳарони муҳоҷирашон онҳоро партофтаанд, Сафорати Олмон дар ҳамкории муштарак бо СҒД "Шаҳрванд" дар Кӯлоб дастгирӣ менамоянд, омадааст дар сайти мақомоти дипломатӣ.
Ба ин манзур аз ҷониби сафорат 18.000 евро ҷудо гардида, ба занону хонаводаи онҳо кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон, машваратҳои ҳуқуқӣ ва дигар намуди ёрии маънавӣ расонида мешавад. Ин барнома то нӯҳ моҳ идома хоҳад кард.
Санади ҳамкории молиро дар ин бахш Сафири Олмон дар ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Грен ва сарвари ташкилоти мазкур Додарбек Сайдалиев рӯзи 17 март ба имзо расониданд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони қобили кори он дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Бархе аз муҳоҷирон пас аз гузашти чанд сол ба ватан бозпас намегарданд ва ё хонаводаи худро ба фаромӯшӣ мениҳанд. Вайроншавии оилаи муҳоҷирон низ аз падидаи номатлуб дар ин замон маҳсуб меёбад.
Ба назари коршиносон, заноне, ки аз ҷониби ҳамсаронашон пуштибонӣ намебинанд ва ё партофта мешаванд, на фақат бо мушкилоти молӣ, балки бо проблемаҳои дигар, аз ҷумла мушкилоти ҳуқуқӣ низ мувоҷеҳ мегарданд.