Холиқназар: ҷосусони исломгароҳо амдан вориди зиндонҳои мо мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевМаркази пажӯҳишҳои стратегӣ
Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони исломгароён ба зиндонҳои кишвар ворид мешаванд ва дар он ҷо маҳкушудагонро таблиғ мекунанд ва барои ҷилавгирӣ аз ин амр зарур аст, ки онҳо ҷудо аз зиндониёни маҳаллӣ нигаҳдорӣ шаванд, машварат медиҳад коршинос.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Намояндагони исломгароён амдан вориди зиндонҳои Тоҷикистон мешаванд, то маҳкумшудагнонро ба ҷониби худ моил созанд, изҳор дошт раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии кишвар Худойбердӣ Холиқназар, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

"Бархе аз ин намояндаҳо баъд аз вуруд ба Тоҷикистон амдан ҷиноят содир мекунанд, то ба зиндон раҳ ёбанд. Дар зиндонҳо онҳо шароити бештаре барои таблиғот доранд. Ин масъала бояд баррасӣ шавад", — гуфт дар як маҳфили рӯзи сешанбе дар Душанбе раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ Худойбердӣ Холиқназар.

Ҷанг дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд

Вай машварат дод, ки чунин намояндаҳо дар утоқҳои ҷудогона нигаҳдорӣ шаванд.

Ба гуфтаи коршинос, "донишҷӯёни тоҷик дар муъассисоти таълимии мазҳабӣ дар хориҷи кишварро қабл аз ҳама ба унвони намояндаҳо ва ҷосусон омода мекунанд".

Ба эътиқоди вай, дар макотиби кишвар зарур аст, ки дарсҳои таърихи Ислом роҳандозӣ шавад, зеро яке аз далоили аслии таблиғи ҷавонон донишҳои андаки ин илм аст.

Лентаи хабарҳо
0