Шаҳрдории Душанбе ба куҳансарбозон беш аз 700 ҳазор сомонӣ ихтисос дод

© Sputnik / StringerШаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки муқими Душанбе аст, ба манзури ҷашни Пирӯзӣ аз шаҳрдорӣ як ҳазор сомонӣ дарёфт мекунад ва ҳамчунин кӯмаки молӣ ба кормандони ақибгоҳ, афроди дар муҳосираи Ленинград қарор дошта ва гурӯҳҳои дигари ҷомеъа ироъа мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе ба манзури таҷлил аз Рӯзи Пирӯзӣ ба куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки молӣ мекунад, хабар медиҳад сомонаи шаҳрдорӣ.

Аз ҳазинаи эҳтиётии шаҳрдорӣ то 7 май ба куллияи куҳансарбозони муқими шаҳри Душанбе ва хонаводаҳои кушташудагон дар ҷанг ба сурати якборӣ як ҳазор сомонӣ пардохта мешавад.

Собиқадорони ҶБВ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 849 собиқадори ҶБВ зинда мондаанд

"Ҳамчунин ба манзури таҷлил аз Рӯзи Пирӯзӣ ба ҳар як нафари дар муҳосираи Ленинград қарор дошта, кормандони ақибгоҳ, сарбозони интернатсионалист, ки дар Афғонистон маълул шудаанд, ба осебдидагони қазияи Чернобил ва хонаводаҳои афроди кушташудаи зимни барқарорсозии сохти қонунӣ дар Тоҷикистон 700 сомонӣ пардохта мешавад", — омадааст дар тасмими имзошудаи Убайдуллоев.

Дар маҷмӯъ шаҳрдорӣ бад ин манзур 716 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст ва бо дастури шаҳрдор кӯмаки молӣ ба ҳар як нафар шахсан аз сӯйи муъовинонаш расонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0