ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Феълан дар Тоҷикистон 849 собиқадори Ҷанги Бузурги ватанӣ зинда мондаанд, хабар додааст ба Радиои Озодӣ раҳбари Ҷамъияти собиқадорони ҷанг ва меҳнат Раҳматулло Қудратов.
"Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 77 нафар собиқадорон фавтиданд, дар авоили сол 926 нафар собиқадорон буданд", — гуфтааст вай ба расона.
Тибқи иттилоъи мухталиф, ҳудуди 300 ҳазор нафар тоҷикистониён дар солҳои 1941-1945 ба ҷабҳа рафтаанд. Он замон аҳолии Тоҷикистон 1,25 миллион нафар буд.
Ҳудуди 100 ҳазор нафар аз онҳо дар набардҳо фавтидаанд. 55 ҳазор нафар сарбозон бо ордену нишонҳо сарфароз шуда 54 нафар шоистаи нишони олӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Куҳансолтарин собиқадори ҷанг аз Тоҷикистон Додарҷон Умарови 115 сола мебошад, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад.