Раиси ҷумҳур раҳбарони Бонки миллии Тоҷикистонро иваз кард

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тағйироти кадрӣ дар Бонки миллӣ дар шароити бӯҳронӣ эҳтимолан бад ин манзур аст, ки раҳбарияти кишвар ҳадаф дорад фаъолияти банки аслии кишварро судовар кунад.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Абдуҷаббор Ширинов, ки се сол раҳбарии Бонки миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, дар замони бӯҳронӣ аз симматаш барканор шуд ва ба ҷойи вай раҳбари собиқи "Амонатбонк" Ҷамшед Нурмуҳаммадзода (Норинов) таъйин шуд, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамчунин бо тасмими ҳукумати кишвар муъовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Юсуфиён аз симматаш барканор ва ба ин вазифа ҳамакнун собиқ муъовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев таъйин шудааст.

БМТ ба нуқтаҳи хусусии табодули арз фурӯши долларро манъ кард

Ҷамшед Юсуфиён аз соли 2010 бад ин сӯ муъовини аввали раиси БМТ буд ва то ин замон дар симмати яке аз муъовинони раиси ин ниҳод ифои вазифа мекард. Дар Бонки миллӣ аз соли 1998 дар вазифаи мудири бахши қоғазҳои арзишнок кор кардааст.

Ҷамолиддин Нуралиев аз соли 2010 муъовини аввали вазири молия буд. Аз соли 1999 то соли 2001 дар вазифаи иқтисоддони раёсати арзёбӣ ва методологияи Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Сипас дар дафотири маркази Бонки ҷаҳонӣ ва СБП дар ИМА кор карда дар донишгоҳи Мериленди ИМА унвони илмӣ дар умури мудирияти молиро соҳиб шудааст.

Соли 2007 ба вазифаи муъовини вазири молияи Тоҷикистон таъйин шуда дар ин симмат то соли 2010 ифои вазифа кардааст.

Ҷамшед Норинов (феълан Нурмуҳаммадзода) соли 1983 фаъолияти кории худро дар вазорати молия оғоз кардааст. Аз соли 2006 то соли 2012 дар вазифаи муъовини вазири молия кор карда сипас муъовини раиси вилояти Суғд таъйин шуд. Аз тирамоҳи соли 2013 раҳбари бонки давлатии "Амонатбонк" таъйин шуд.

Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: долларкунонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хатар дорад

Абдуҷаббор Ширинов аз соли 2012 вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва аз соли 2007 то соли 2012 сафири Тоҷикистон дар Амрико буд.

Эҳтимол дорад, ивази раҳбарияти Бонки миллӣ дар шароити бӯҳронӣ талошест аз сӯйи раҳбарияти кишвар барои роҳандозии фаъолияти судманди бонки аслии кишвар, ки барои танзими бозори арзӣ, муъомилоти пулӣ ва равандҳои таваррум муваззаф мебошад.

Лентаи хабарҳо
0