Табаъайи Туркия ба гумони ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги Туркия боздошт шуд

© Sputnik Завлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боздоштшуда дар Туркия ҷойи кор пешниҳод мекард, вале дар КДАМ кишвар бар ин назаранд, ки вай қасд дошт сокинони Тоҷикистонро ба ҷанги Сурия ва Ироқ ҷалб созад.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Шаҳрванди Туркияро, ки тоҷикистониҳоро ба ҷанги Сурия ва Ироқ таблиғ мекард, маъмурони КДАМ-и Тоҷикистон боздошт кардаанд, менависад Ca-News бо истинод ба манобеъи ин ниҳод.

Зикр мешавад, ки боздоштшуда зодаи вилояти Қундузи Афғонистон Меҳдӣ Якуш аст, ки ба Тоҷикистон ба унвони ҷаҳонгард 16 март омадааст.

Дар КДАМ кишвар муътақиданд, ки менависад пойгоҳи интернетӣ, ин марди 50 сола бо роҳи фиреб ба боварии чаҳор сокини Тоҷикистон даромада мехост онҳоро барои ҷанг дар Сурия ва Ироқ таблиғ кунад.

Истамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти як бонуи тоҷик дар роҳи сафар ба ҷиҳод аз сӯйи ВКД

Ба ин тартиб, ба чаҳор сокини рустои Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ — Абдувоҳид Пардаеви 28 сола, ба хоҳари 27 солаи вай Бибируқиё, Ориф Маҳмадиеви 25 сола ва Амонулло Искандарови 20 сола ин мард тавонистааст дар Туркия ҷойи кор ваъда бидиҳад.

Маҳалли ҷойи кори пешниҳодшуда ба иттилоъи ниҳодҳои амниятӣ дар манотиқи марзӣ бо Сурия ва Ироқ воқеъ будаанд.

Лентаи хабарҳо
0