ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Шаҳнозаи Қурбоналии 23- солаи зодаи Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуд, ки қасд дошт барои ҷиҳод ба Сурия биравад, хабар дод рӯзи сешанбе ВКД дар барномае тавассути "Шабакаи аввал".
Шаҳнозаи Қурбоналӣ (Бозорзода), зодаи шаҳри Кӯлоб, ки феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад, донишҷӯи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд. Ӯро таблиғгарони исломгаро тавассути интернет ҷалб кардаанд.
"Вай тӯли ду сол дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" ва тавассути Viber бо тоҷике бо исми Сабзиқадам, ки дар Сурия қарор дошт, муошират мекард. Ба духтарак фишори равонӣ карданд", — зикр шуд дар барномаи телевизионӣ.
"Вай мегуфт, ки ҳамаи мо мусалмон ҳастем ва бояд ба ҳамдигар кӯмак кунем", — қисса кард худи духтарак.
Сабзқадам тавассути миёнарав дар Маскав ба духтарак барои махориҷи сафар пул ирсол кард. Шаҳноза пинҳонӣ аз пайвандонаш барои парвоз ба Туркия билет харидорӣ кард ва ба дӯстонаш гуфт, ки ба Туркия барои тиҷорат меравад. Дар фурудгоҳи Истамбул Шаҳнозаро ёварони таблиғгар пешвоз гирифтанд.
Аммо қабл аз сафар ба Сурия духтарак ба шиносаш дар Тоҷикистон занги телефонӣ карда хабар медиҳад, ки дар асл кишварро ба хотири ҷиҳод тарк кардааст.
Баъд аз расидани ин хабар Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Туркия духтаракро боздошт ва ба Душанбе мунтақил карданд.
Тибқи иттилоъи ВКД кишвар, феълан дар Сурия беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, онҳо ба ин кишвар тавассути кишварҳои севвум — Туркия, Афғонистон ва Русия мераванд.
Ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони мо дар Сурия ҳудуди 300 нафар арзёбӣ мегардад.