ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти тирпарронӣ дар шаҳри Гарленди Амрикоро, ки дар он ҷо танзҳо ба пайомбар Муҳаммад ба намоиш гузошта шуда буданд, бар дӯш гирифт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Франс Пресс.
Ду фарде, ки дар намоишгоҳи танзҳо ба Муҳаммад дар шаҳри Гарленд тирпарронӣ карданд, кушта шуданд, менависад хабаргузорӣ бо истинод ба NBC News.
Ин ҳодиса ҳудуди соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (5.00 ба вақти душанбе) рӯзи якшанбе замоне рух дод, ки намоишгоҳ ба поён мерасид. Ду нафар гумонбар, ки дар таввақуфгоҳи назди марказ тирпарронӣ карданд, як маъмури амниятиро захмӣ кардаанд.
Пулис, ки ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуд, таҳқиқи ин қазияро оғоз кард.
Куллияи тамошочиёни ин намоишгоҳ ба ҷойи амн интиқол шуданд. Ба гуфтаи намояндаи пулис Ҷо Харн, дар намоишгоҳе, ки он ҷо тирпарронӣ рух дод, ҳудуди 200 нафар ҳузур доштанд. Ниҳодҳои интизомӣ мушшахас мекунанд, ки оё дар мошине, ки дар он тирандозҳо қарор доштанд, маводди мунфаҷира вуҷуд дошт ё хайр.