Барои ғалаба!
Дар мо фронту ақибгоҳ яканд. Дар фронт ҷанговарони Армияи амалкунанда мубориза мебаранду дар ин ҷо ватандӯстони ақибгоҳ. Ҳар як азму ирода ва як мақсад доранд:
— Дар зери байрақи Ленин-Станлин ба пеш, ба торумор карда шудани истилогарони неметс! Халқи тоҷик тайёр аст, ки фикр зикр, илму дониш, ғайрату қувваи худро ба торумор карда шудани душман нисор кунад. Вақто ки халқ барои ҷанговарони худ дибоси гарм ҷамъ мекард, меҳнаткашони тоҷик дар баробари додани инъмоҳои калон чунин гуфтанд: "Ҳоло ин кам аст. Барои ғалаба расад моламон, нарасад ҷонамонро медиҳем." Натиҷа чунин шуд: бо якҷоягии тамоми халқи советӣ Армияи Сурхи ҷононҷонро бо либоси гарм таъмин карданд.
Ҳукумати советӣ қарор дод, ки ба маблағи 10 миллиард сӯм зиёми ҳарбӣ бароварда шавад. Халқи советӣ, аз он ҷумла халқи тоҷик ин хаббаро бо хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ пешвоз гирифт. Дар байни 10 рӯз маблағи муқаррар кардашуда 2 миллиарду 860 миллиону 831 ҳазор сӯм зиёд иҷро гардид. Тоҷикистон ҳам ба давлати худ зиёдтар аз 145 миллион сӯм қарз дод.
Вилояти Кӯлоб, районҳои Молотовобод, Регар, Кӯктош, Кировобод, Каргановичобод, Октябр, Ворошиловобод ва совхозҳои "Семенобод", ба номи Куйбешев, ба номи Киров, "Якуми май" ва дигарон ҳамчун тӯҳфа ба Якума май плани кишти пахтаро иҷро намуданд. Онҳо натанҳо пахтаро корида шуданд, балки коркарди байни қаторҳои пахтаро ҳам бо суръати тез сар карданд. Колхозчиёни пешқадами республика имсол ваъда додаанд ки ҳосилоти ҳарбӣ рӯёнанд. Онҳо барои ба ваъда вафо кардан саъю кӯшиши ҷиддӣ карда истодаанд.
Дар заводи чармгарӣ мудири лаборатория рафиқ Бейгелдин ва инженер-электрик рафиқ Файзуллоев таклифҳои ратсионализаторӣ пешниҳод карда, ба афзоиши маҳсулот ва сарфакорӣ сабабчӣ шудаанд.
Коммунистон ва комсомолетсҳои узели роҳи оҳани Сталинобод ба шарафи 1-ми Май беҳтарин намунаҳои корро нишон доданд. Машинист рафиқ Ковалёв бо бригадаи худ паровозро ремонт карда, 3.734 сӯм пул ва 14.310 килограмм сӯзишвориро, машинисти паровози комсомолӣ рафиқ Патко дар ремонт 3.905 сӯм пул ва 14.961 килограмм сӯзишвориро сарфа намуданд. Садҳо стахановчиён аз қафои онҳо рафта, ба ғалабаи мо ёрӣ расонда истодаанд.
Меҳнаткашони республикаамон ба муносибати 1-ми Май барои ба ҷанговарони ватанамон тӯҳфа фиристодан 1.379.577 сӯм ҷамъ карданд. Аз боғҳои Ленинобод, аз корхонаҳои Сталинобод, аз колхозҳои Ғарму Кӯлоб, аз кӯҳҳои Бадахшон ба сӯи фронт садҳо, ҳазорҳо тӯҳфаҳо рафта истодаанд. Меҳнаткашон барои ҷанговарони Армияи Сурх беҳтарин нозу неъматҳоро фиристода, бо онҳо якдилу якҷон будани худро дар қафои онҳо тайёр истодани худро изҳор мекунанд.
Колхозчиёни колхози ба номи Крупскаяи кишвари Краснодар колхозчиён ва колхозчизанони мамлакатамонро даъват намуданд, ки барои мудофиа ва ёрдам ба колхозҳои аз зулми истилогарони неметс озод кардашуда кишти иловагӣ гузаронанд. Колхозчиёни Тоҷикистон ҳам ба ин даъвати гарму ҷӯшон ҳамовоз шуда, ҳозир ба ин фонд кишт гузаронида истодаанд..
Аз факт бисёртар чиз нест. Дар шаҳру қишлоқҳои мо, дар корхонаю колхозҳои мо, дар ҳама ҷо ватандӯстони советӣ — коргарон, колхозчиён ва интеллигентон барои зиёд ва беҳтар кардани сифати маҳсулот монда нашуда кор карда истодаанд. Ҳар яки онҳо корхонаи худро як участкаи фронт медонанд ва барои шаъну шарафи ватан, барои озодӣ, истиқлолият ва ғалабаи ӯ мубориза мебаранд. Чунин аст тӯҳфаи мо ба фронт.
С. Ғ. ("Тоҷикистони сурх"). Апрли соли 1942.