ОНММ маводди қочоқи симобро ба ҷониби Қирғизистон ирсол кард

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Ожонси назорат бар маводди мухаддири ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои Ожонси назорат бар маводди мухаддири ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи ниҳоди зиддимухаддаротии Тоҷикистон вазни холиси симоби забтшуда 179 килограмму 800 грамм буд. Ба иддаъои ин манбаъ, симоб дар корхонаи симоби Ҳайдарақони Ҷумҳурии Қирғизистон тавлид шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Тибқи тавофуқи дуҷониба куллияи асноди марбут ба қочоқи ҳудуди 180 кг симоб аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба ниҳодҳои вижаи кишвари ҳамсоя ирсол шудааст, хабар медиҳад Ожонсии назорат бар маводди мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилоъи ОНММ, 30 апрел зимни баргузории амалиёти вижа аз сӯйи маъмурони ин ниҳод дар вилояти Суғд дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони Қирғизистон боздошт шуданд. Боздоштшудагон, омадааст дар хабар, талош доштанд ба сурати қочоқ ба қаламрави Тоҷикистон шаш бастаи тавлидии ҳар яке бо 30 кг симоб ворид кунанд.

ОНММ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,2 тонна мухаддиротро забт кард

Тибқи тавофуқи ҳосилшуда дар заминаи ин маврид кормандони ожонсӣ ба ҷониби Қирғизистон куллияи аснодро ироъа карданд.

"Тибқи тавофуқоти дуҷониба куллия асноди дар ин замина Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ирсол шудаанд", — омадааст дар хабар.

Ба иттилоъи ниҳоди зиддимухаддаротии кишвар, шаҳрвандони Қирғизистон талош доштанд бо роҳи қочоқӣ ба қаламрави Тоҷикистон дар шаш бастаи тавлидӣ, ки ҳар як тоаш 30 килограммӣ вазн дорад, ворид кунанд. Вазни холиси симоби забтшуда 179 кг 800 грамм аст. Ба иттилоъи ин манбаъ, симоб дар корхонаи Ҳайдарақони Ҷумҳурии Қирғизистон тавлид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0