National Geographic помирро шомили сегонаи беҳтарин гушаҳои дунё кард

© Sputnik / РатушенкоПиряхи Федченко дар Помир. Акс аз бойгонӣ
Пиряхи Федченко дар Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати эҷодии маҷалла бар ин ақида ҳаст, ки Помир дар зумраи Қрим ва Қафқоз аз беҳтарин ҷойҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар оянда метавонад ҷойгузини дигар самтҳои ҷаҳонии истироҳат ва ҷаҳонгардӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Помир аз тарафи маҷаллаи National Geographic Traveler беҳтарин ҷой барои истироҳат ва ҷаҳонгардӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуд, ки муҳаррирони он "Боми ҷаҳон"-ро дар даҳгонаи беҳтарин ҷойҳои сайру саёҳат дар радифи сеюм гузоштаанд.

Сайёҳон дар Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои тамошобоб барои сайёҳон шомил шуд

Сайру гашт дар Русия в собиқ давлатҳои пасошӯравӣ аз мавзӯъҳои аслии шумораи тозаи ин маҷалла интихоб гардидааст. Ҳайати таҳририяи он 10 самтеро, ки метавонанд ҷойгузини самтҳои ҷаҳонгардии хориҷӣ шаванд, тартиб додааст.

Ба ин даҳгона соҳили ҷанубии Қрим; кӯҳҳои Қафқоз; Помир; Обҳои маъданӣ; Самарқанду Бухоро; Санкт-Питербург ва ғайра шомил гардидаанд.

Помир, ки дар дунё ҳамчун "Боми ҷаҳон" машҳур аст аз дӯстдоштатарин маконҳои ҷаҳонгардон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин минтақа на танҳо дорои олами наботот ва ҳайвоноти нодир мебошад, балкӣ дорои ёдгориҳои таърихи куҳани тоҷикон низ ҳаст.

Маҷаллаи National Geographic Traveler ба забони русӣ ба теъдоди 110 ҳазор нусха интишор шуда, дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ пахш мегардад.

Лентаи хабарҳо
0