Пойтахти Непал то ва баъд аз зилзила. Навор аз ҳавопаймои бе сарнишин

Обуна шудан
Хиёбонҳои аз зилзилаи шадид харобшудаи пойтахти Непал Катманду аз ҳавопаймои бидуни сарнишин наворбардорӣ шудааст. Дар ин навори видеоӣ бубинед, ки шаҳр то ин офати табиъйӣ ва баъд аз он чӣ вазъ дорад.

Тибқи омори расмӣ теъдоди қурбониёни офати табиъйӣ дар Непал дастикам 4680 нафар аст ва ҳудуди 9000 нафар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири кишвар Сушил Коирала хабар дод, ки теъдоди қурбониёни зилзила метавонад ба 10 ҳазор нафар бирасад. Вай ба тақвияти умури наҷот дар манотиқи осебдида шуд ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба ин кишвар хаймаҳову дору интиқол бидиҳанд.

Зилзилаи бо шиддати 7,9 дараҷа субҳи 25 апрел дар Непал рух дод. Баъд аз зарбаи аввали зеризаминӣ чанд зилзилаи такрорӣ рух доданд. Маркази зилзила дар 82 километрии шимолу ғарби Катманду воқеъ буд. Умқи маркази зилзила дар 15 километрӣ аст. Рӯзи якшанбе Непалро зилзилаҳои такрорӣ фаро гирифтанд ва шиддати сахттаринаш 6,7 дараҷа буд. 

Лентаи хабарҳо
0