Забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон як соат бештар мешавад

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкКитоби "Забони русӣ". Акс аз бойгонӣ
Китоби Забони русӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномае, ки дар Тоҷикистон аз соли 2004 то 2014 амалӣ мешуд, натавонистаст ба ҳадаф бирасад, биноан мақомот барномаи дигареро мехоҳанд татбиқ созанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дарси забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 як соат бештар мешавад, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Игор Лякин-Фролов дар дидор бо хабарнигорон - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия: Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба забони русӣ ниёз дорад

То кунун "Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014", ки соли 2004 пазируфта шудааст, амалӣ мегардид, гуфтааст Зулфия Сафарова, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хабаргузорӣ.

"Тавассути ин барнома мо бештар бо Вазорати маориф ва илми Россия ҳамкорӣ кардем. Бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар Донишгоҳи славянии ҷумҳурӣ давраҳои семоҳаи бозомӯзии омӯзгорони фанни забони русӣ ташкил гардид. Китобҳои методию дарсӣ омода намуда, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас кардем. Ин барнома даҳ сол амал кард ва марҳалаи аввали он соли 2014 ба поён расид. Бояд бигӯям, ки на ҳамаи бандҳои барномаи қаблӣ ба пуррагӣ иҷро шуданд", — афзудааст Сафарова.

Ба иттилои ин масъул ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кардааст, ки бар асоси он барои хонандагони синфҳои болоӣ, ки қаблан аз фанни забонҳои русӣ 3 соат дарс мегирифтанд, акнун як соати дигар илова мешавад.

Лентаи хабарҳо
0