ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳанӯз ба забони русӣ ниёзи умда дорад, ҳарчанд арсаи истифода аз он батадриҷ танг шуда теъдоди тоҷикистониёне, ки ба ин забон балад ҳастанд, коҳиш меёбад, гуфтааст дар сӯҳбат бо РИА Новости сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов.
Сафир зикр кард, ки забони русӣ дар кишвар ҳамчунон роиҷ аст. Бад ин манзур раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фармоне содир кард, ки бар мабнои он дар ҳар як муассисаи таълимии олӣ бояд гурӯҳи таҳсил ба забони русӣ таъсис шавад.
Ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар кишвар 17 мактаб ба забони русӣ вуҷуд доранд ва дар 166 мактаб забони русӣ дар баробари забони тоҷикӣ таълим дода мешавад.
"Мавориди зиёде ҳастанд, ки синфҳои "русӣ" дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ пури шогирдон ҳастанд", — гуфт сафир.
Ҳамзамон сафир изҳори таассуф кард, ки арсаи истифода ва тавсеаи забони русӣ батадриҷ коҳиш ёфта, теъдоди тоҷикистониёне, ки ба ин забон балад ҳастанд ва маҳалли гуфтугӯ бо забони русӣ коҳиш меёбад.
"Маъмулан ин амр ба далеле марбут аст, ки қаблан даҳҳо ҳазор нафар сокинони русзабон кишварро тарк карданд. Шогирдони макотиб намедонанд бо кӣ ба ин забон сӯҳбат кунанд, дар хиёбонҳо ва макони ҷамъиятӣ сӯҳбат ба забони русиро аҳёнан мешунавед. Тавваҷӯҳ кардам, ки дар Душанбе хеле аҳён овезаҳо ва маводди таблиғотӣ ба забони русиро мебинед. Муассисоти давлатӣ умдатан танҳо номи худро ба забони русӣ менависанду халос", — гуфт Фролов.
Вай бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро зарур аст дар барномаҳои дарсии мактабҳо миқдори соатҳои таълими забони русиро афзоиш бидиҳад.
Сафир ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар авосити моҳи январ дар нашрияи ҳукуматии "Народная газета" номаи се профессор, коршиносони омӯзиши забони русӣ мунташир шуд, ки дар он мушкилоти ин арса матраҳ шуда роҳҳои "содда, камразиш ва судовари ҳалли мушкил" оварда шудаанд.
"Дар миёни онҳо — тақсими синфҳои мактабӣ ба гурӯҳҳо, омӯзиши на танҳо забони русӣ, балки бархе аз фанҳо ва барномаҳои омӯзишӣ, назири хонадорӣ, тарбияи ҷисмонӣ, меҳнат. Пешниҳоди таҳияи луғати аксдори забони русӣ барои шогирдони томактабӣ низ ҷолиб аст", — гуфт сафир.
Як иқдоми ҷолиби дигар, ба эътиқоди вай, таъсиси давраҳои доимии омӯзишӣ аст, ки дар он ҷо тоҷикистониён забони русӣ, таърих ва асосҳои қавонини Русияро омухта метавонанд.
"Аз ҷониби худ мо дар бораи иқдомоти ҷониби Русия барои эъзоми муаллимони забони русӣ ба ин ҷо, тақвияти омодагии методӣ ва бозомӯзиши муаллимони забони русӣ фикр мекунем", — хулоса кард сафир.