ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Назарпурсии байналмиллалии "Sputnik. Мнения", ки аз сӯйи хабаргузории Sputnik якҷо ба ширкати бонуфузи пажӯҳишии бритониёии ICM Reseacrh анҷом дода шуд, ҳокист, ки аврупоиҳо артиши ИМА-ро озодкунандагони худ медонанд.
Аз ин мавзӯъ, ки раҳбарияти Олмони нозӣ бо талошҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн бурда шуд сокинони Олмон (17%) огаҳӣ доранд. Бо чунин нуктаи назар 13% аврупоиҳо розӣ мебошанд. Камтар аз ҳама ба ин савол сокини Фаронса (8%) чунин посух доданд.
Ҳудуди ними (46%) бритониёҳо муътақиданд, ки Аврупоро артиши Бритониё озод кардааст.
Беш аз ними фаронсавиҳо (61%) ва олмониҳо (52%) пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳониро ба артиши ИМА нисбат медиҳанд.
Аз 19% то 24% пурсидашудагони сокинони кишварҳои аврупоӣ аслан дар посух ба ин савол, ки чӣ кишваре дар озодии онҳо аз фашизм нақши калидӣ дорад, душворӣ кашиданд.
Назарпурсӣ аз сӯйи ширкати ICM Research барои ХБИ "Русия имрӯз" аз 20 март то 9 апрели соли ҷорӣ дар Бритониё, Фаронса ва Олмон баргузор шуд. Дар маҷмӯъ 3000 нафар аз ҳар кишвар як ҳазорӣ пурсида шуданд. Мизони эътимод барои омори умумӣ барои як кишвар +/- 3,1% мебошад, ҳарчанд эътимоднокӣ 95% аст.