Наҷотдиҳандагон зиндамондагони зилзилаи Непалро наҷот медиҳанд

Обуна шудан
Умури наҷот пас аз зилзилаи такрорӣ дар Непал идома меёбад. Дар ин навор бубинед, ки наҷотёфтагонро чӣ гуна аз зери харобаҳо дар Катманду берун меоранд.

Тибқи иттилоъи шабакаи телевизионии непалии Nepal 1 теъдоди қурбониёни зилзила дар Непал аз 3,5 ҳазор нафар гузаштааст.

"Теъдоди қурбониён то 3585 нафар афзоиш ёфта беш аз 6 ҳазор нафар захмӣ шуданд", — омадааст дар хабари шабакаи телевизионӣ.

Дар пайи зарбаҳои ин офати табиъйӣ маркази қадимии Катманду — майдони Дурбар, манораи Бхимасени, ибодатгоҳҳои қадимӣ, ки ба феҳрасти дастовардҳои ҷаҳонии инсонияти ЮНЕСКО ворид гаштаанд, комилан тахриб шудаанд.

Баъд аз зилзила дар қисмати шимолии қуллаи Эверест вазъи ногуворе ба амал омадааст, ки дар он ҷо фасли гарми кӯҳнавардон шурӯъ шуда ва дар он манотиқ чанд пойгоҳи бузург барои варзишгарон таъсис шудаанд. Дар пайи ин ҳодисаи табиъйӣ дар пойгоҳи аслӣ ҳудудуи 65 нафар кушта шудаанд ва захмиҳо низ ҳастанд, вале интиқоли онҳо ба дарозо кашидааст.

Барои кӯмак ба осебдидагони зилзила наҷотдиҳандагон аз Русия, Олмон, Голландия ва кишварҳои дигар эъзом шудаанд. Ҳамчунин ба Непал аз тамоми ҷаҳон кӯмакҳои башардӯстона ворид мешаванд.

Зилзилаи бо шиддати 7,9 дараҷа субҳи рӯзи шанбе дар Непал рух дод. Зарбаҳои зилзила соати 06.11 бо вақти UTC (09.11 мск) рух дода сипас чанд зилзилаи такрорӣ сурат гирифтанд. Шиддати сахтарини ин зилзилаҳо 6,7 дараҷа буд. 

 

 

Лентаи хабарҳо
0