ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ду мард дар рӯзҳои таътили гузашта дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир боздошт шудаанд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.
Рӯзи шанбе дар пайи амалиёти фаврӣ ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави ноҳияи Шӯрообод сокини 28 солаи маҳаллӣ боздошт ва аз ӯ 1 кг 866 гр ҳероин мусодира шуд.
Вале миқдори зиёди маводди мухаддирро рӯзи якшанбе маъмурони интизомии ноҳияи Фархор ошкор карданд.
"Ба иттиҳоми муъомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир сокини 30 солаи шаҳри Душанбе боздошт шуд, ки аз дохили мошинаш дар қаламрави ноҳияи Фархор ҳудуди 24 кг ҳашиш забт шуд", — зикр мешавад дар хабари вазоратхона.
Дар маҷмӯъ маъмурони ВКД дар рӯзҳои гузаштаи таътил беш аз 25 килограмм маводди мухаддирро мусодира кардаанд. Зикр мешавад, ки аз рӯйи ин ду маврид парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи онҳо идома доранд.