Мақомот: дӯконҳои ҳиҷобфурӯшии Душанбе баста мешаванд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкҲиҷоб дар мағоза. Акс аз бойгонӣ
Ҳиҷоб дар мағоза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори навтаъини Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе Фотеҳ Қунғуротзода гуфтааст, либоси сиёҳ дар ягон давру замон хоси тоҷикон набуд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Фотеҳ Қунғуротзода, сардори навтаъини Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон баста мешаванд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Девушки прогуливаются на проспекту Рудаки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тақаллубкорон барои ришмонӣ ва ҳиҷоб “иҷоза” медиҳанд

Манобеи оҷонсӣ иттилоъ додаанд, ки Қунғуротзода ин нуктаро ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо тоҷирони бозори "Корвон", калонтарин бозори Тоҷикистон, таъкид намуда, аз тоҷирон даъват намудааст, ба фурӯши сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон "бегона" хотима диҳанд. Сардори раёсати умури дохилии Душанбе афзудааст, либоси сиёҳ дар ягон давру замон хоси тоҷикон набуда, мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо либосҳои фароху шинам ва серрангашон фарқ мекарданд.

Ин таъкид ва мулоқот бо тоҷирони бозори "Корвон" дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шавад ва масъулин барои барчидани сарулибоси бегона аз пойтахт тадбирҳо андешанд.

Қабл аз аз дастур барои боздошти воридот ва барчидани "либосҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона" аз нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ бо зикри таваҷҷуҳи рӯзафзуни бархе аз занони тоҷик ба либоси барои "фарҳанги мо бегона" супориш дода буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузаронда шавад.

Лентаи хабарҳо
0