ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тоҷикистон пешниҳоди Қирғизистон дар масъалаи харидории ҳар киловат соат нерӯи барқи кишвар ба қимати 2 сенти амрикоиро рад кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба радио гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя хостааст, ба ҳар киловат соат нерӯи барқаш севуним сентӣ пардохт намояд.
Ёдгорӣ мегӯяд, музокироти ҷонибҳо моҳи ҷорӣ дар Душанбе сурат гирифта, Қирғизистон гуфтааст, нархномаи нави Тоҷикистонро, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1.5 сент боло рафтааст, баррасӣ хоҳад кард.
"Онҳо хуб медонанд, ки дар фасли тобистон мо барқи зиёдатӣ дорем, аз ин рӯ нархро арзон карданӣ шуданд. Вале мо ризоят надодем. Гуфтем, агар бихоҳанд севуним сентӣ пардохт кунанд. Онҳо дар посух гуфтанд, фикр мекунем ва рафтанд", — гуфтааст сухангӯи "Барқи тоҷик".
Ҳоло ки Тоҷикистону Қирғизистон сари нархи фурӯши барқ ба тавофуқ нарасидаанд, аз ин рӯ масъалаи интиқоли нерӯи барқ дар фасли тобистони имсол ба ин кишвари ҳамсоя ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст. Як манбаи "Озодӣ" дар Вазоарти энержӣ ва хоҷагии оби Тоҷикистон гуфтааст, ҳайати қирғизистонӣ ду бор ба Душанбе омада, вариантҳои гуногуни содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Аммо дар ду маврид, ба қавли манбаи радио, ҷонибҳо сари нархи як киловат соат нерӯи барқ ба тавофуқ нарасиданд.
Соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба ин Қирғизистон ба қимати 2 сентӣ 1,3 миллиард киловатт соат нерӯи барқ фурӯхтааст. Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро низ бештар кардааст. Бино ба маълумоти Вазорати энержӣ, дар фасли тобистон маҷрои дарёи Вахш ба 2 ҳазор кубометр об дар як сония мерасад.
Аммо барои тавлиди нерӯ танҳо 700 кубометри он сарф мешаваду бас. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар фасли тобистон аз обанборҳояш баробари 4,5 миллирд киловатт соат нерӯи барқ обро бидуни тавлиди он партоб мекунад.