ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар, мегӯяд, беш аз 60 тан аз шаҳрвандони кишвар ихтиёрӣ дар Яман боқӣ мондаанд, ки ҳамаи онҳо табиб ё ҳамшираи шафқатанд, навиштааст "Радиои Озодӣ".
Расонаҳои чопи Маскав рӯзи якшанбе навиштанд, ки дар Яман асосан табибони рус боқӣ мондаанд ва табибон аз Украина, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон он кишварро тарк кардаанд.
Ба гуфтаи Қодирӣ, табибони тоҷик дар мавзеъҳои гуногуни Яман, аз ҷумла, Маҳра, Ҳадрамаут ва Абян кору зиндагӣ мекунанд, ки мавзеъҳои амну ором маҳсуб мешаванд.
"Зарбаҳои ҳавоӣ аз тарафи Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ асосан ба шаҳрҳои бузурги Яман, аз ҷумла, Санъо ва Адан зада мешаванд. Дар минтақаҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, даргириҳо байни ҳусиҳо ва ҷонибдорони ҳукумати Яман сурат намегиранд, яъне он ҷойҳо минтақаҳои амну ороманд", — афзудааст сафири тоҷик.
Қодирӣ гуфтааст, бар пояи иттилои вай, вазъи ҳама табибони тоҷик, онҳое, ки бо хоҳиши худ дар Яман мондаанд, хуб аст ва ба нафаре аз онҳо осебе нарасидааст.
Сафири Тоҷикистон дар Қатар афзудааст, ки бахши аъзами шаҳрвандони кишвар тариқи ҳавопаймоҳои вазорати изтирории Русия Яманро тарк кардаанд.
"Як бахши дигар аз тариқи Уммон ба Тоҷикистон баргаштанд, чанд нафари дигар аз тариқи Арабистони Саъудӣ, яъне аз роҳи заминӣ то ба Арабистони Саъудӣ расиданд ва аз ҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе парвоз карданд", — гуфтааст сафир.
Рӯзи ҷумъаи 24 апрел боз се шаҳрванди Тоҷикистон ба Саъудӣ расиданд, ки ҳоло сафорати Тоҷикистон бо ин кор машғул аст ва қарор аст, ки онҳо рӯзи сешанбеи 28 апрел ба Душанбе парвоз кунанд, нақл кардааст "Озодӣ" аз қавли сафир.
То имрӯз, ба иттилои Ардашер Қодирӣ, тақрибан 180 шаҳрванди Тоҷикистон Яманро тарк намудааст. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи бозгашти 168 шаҳрванди кишвар хабар дода буд.
Ихроҷи шарвандони хориҷӣ аз Яман бо шурӯи амалиёти Эътилофӣ ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ — мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман оғоз ёфт.