Боз ҳашт нафар пизишки тоҷик аз Яман берун оварда шуданд

© AP / Hani Mohammed, FileГаштугузори мардум дар хиёбони Саноъ (Яман) 13 апрели соли 2015
Гаштугузори мардум дар хиёбони Саноъ (Яман) 13 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби панҷшанбе ҳавопаймои вазорати умури изтирории Русия дар вилояти Москав бо 160 нафар мусофире, ки аз Яман берун оварда шуданд, фуруд омад. Дар миёни мусофирон шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳашт нафар пизишкони тоҷик, ки дар бемористонҳои мухталифи Яман фаъолият доштанд, бо ҳавопаймои умури изтирории Русия рӯзи чаҳоршанбе берун оварда шуданд, менависад хабаргузории "Озодагон".

"Ба далели муроҷиъати навбатии шаҳрвандони мо дар ин кишвари ноамн сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба ситоди ихроҷи шаҳрвандон дастур дод, ки роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд", — гуфт сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ва изофа кард, ки сипас ситод бо сафорати Русия дар Яман барои ихроҷи ин афрод тавофуқ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент барои берун овардани тоҷикон аз Яман дастур дод

РИА Новости хабар медиҳад, ки ҳавопаймои русӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ шаби панҷшанбе дар вилояти Москав фуруд омад. Дар маҷмӯъ дар ин ҳавопаймо 160 нафар мусофир буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки аз Яман дар маҷмӯъ беш аз 170 нафар атбоъи тоҷик берун оварда шуданд.

Дар авохири моҳи март эътилофи байналмиллалӣ ба раҳбари Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришчиён дар Яман баъд аз дарёфти дархости кӯмаки раиси ҷумҳури ин кишвар Абд Раббу Мансур Ҳадӣ амалиёти низомӣ оғоз кард.

Шӯришчиён ахиран пойтахи Яман шаҳри Санъоро зери тасарруфи худ дароварданд ва раиси ҷумҳурро водор карданд, ки кишварро тарк кунад.
Кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ бо шумули СММ атбоъ ва кормандони худро дар пайи ташаннуҷи мухолифат аз Яман ихроҷ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0