Ду ширкати чинӣ омода ҳастанд кишоварзони Суғдро бо об таъмин кунанд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкСезонное отключение воды. Архивное фото
Сезонное отключение воды. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони обанборҳо дар ду ноҳияи вилояти Суғд имкон медиҳад мушкили камбуди оби кишоварзӣ рафъ ва ҳосилнокӣ зиёд карда шавад.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ширкати Asia Ridgers Foundation Investment Group Co Limited Ҳонконг ва ширкати СR20G аз шаҳри Сиани Чин дар ду ноҳияи вилояти Суғд барои бароварда сохтани ниёзҳои кишоварзон обанборҳо месозанд, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати вилояти Суғд.

Таҳияи тарҳи ин обанборҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ғончиро қасд дорад ширкати чинии СR20G анҷом бидиҳад, ки дар тарҳкашии туннелҳо, пулҳо, роҳи оҳан, метро ва таъсисоти дигари бузург таҷриба дорад, хабар дод менеҷери кулли ин ширкати чинӣ Чин Минг Таоро дар дидор бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар ин дидор Ма Хианглинг, раиси ширкати сармоягузории Asia Ridgers Foundation Investment Group ширкат дошт, ки метавонад сохтмони ин обанборҳоро сармоягузорӣ кунад.

Обрасонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Швейтсария ва БАБР низоми обрасонӣ дар Тоҷикистонро беҳбуд мебахшанд

Дар вилояти Суғд умедворанд, ки ин обанборҳо барои рафъи камбуди оби полезӣ дар замони кишоварзӣ мусоъидат мекунанд.

"Дар моҳҳои кишоварзӣ деҳқонон ба навбат аз оби полезӣ истифода мекунанд ва мусалламан сохтмони ин обанборҳо ба рафъи ин мушкил ва боло бурдани ҳосилнокӣ мусоъидат хоҳанд кард", — омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0