Халқи Совет ҷумла мусаллаҳ шаванд
1.
Мурчае фарбеҳу пур иштиҳо
Буд ба мурони дигар — аждаҳо.
Гашта басе мурчае нотавон
Хаста ба дасти ситамаш дар ҷаҳон.
Чунки ба як ними замин чира шуд,
Ақли вай аз дуди зафар хира шуд.
Хост аз яздон ки ба вай пар диҳад,
То ки ба тасхири ҳаво рӯ ниҳад,
Гуфт: "замин чунки ба ман банда шуд,
Навбати ин гунбади чарханда шуд.
Бол бароварда парам бо шитоб,
То ки шавад тобеи ман офтоб".
Орзуяш пар шуда бар вай дамид,
Мӯраки пардор ба боло парид
Ҷилвакунон рӯ ба сӯи офтоб,
К-аз сари ӯ кард гузар як уқоб.
Боди параш бар сари мӯр уфтод.
Мӯр нагунсор шуду ҷон бидод.
Буд ба ҳар хоке мӯре асир,
Гардид озод зи хасми шарир.
Шуд масал ин қисса ба ҳар неку бад:
Пар дамад аз мӯр чу маргаш расад.
2.
Нусрати фашизм варо кӯр кард,
Ақли салим аз сари ӯ дур кард.
Дидаи бешармии ӯ боз шуд,
Рӯ суи хуршед ба парвоз шуд.
Дар раҳи симурғи Советӣ парид,
Шубҳа дар ин нест, ки маргаш расид,
Халқи Совет ҷумла мусаллаҳ шаванд
Рӯй ба майдони зафар оварданд.
Лашкари мо — Лашкари Сурхи бузург,
Ҳамла барад шерсифат сӯи гург.
Сахт бикӯбад сари ин морро,
Маҳв кунад ҷонвари ҳорро.
Ҳаст ба ҳар мулке халқи асир,
Мешавад, озод зи гурги шарир.
Кишвари мо фотеҳу пояндадор!
Лашкари мо, раҳбари мо зинда бод!
Абулқосими Лоҳутӣ
(Комсомоли Тоҷикистон. 24 июни соли 1941)
"Комсомолетсҳо оҳанпораҳоро ҷамъоварӣ мекунанд"
Зиёда аз 1500 нафар мактаббачагони райони Ленинобод дар колхозҳо активона кор карда, ба коркарди байни ниҳолҳои пахта, ҷамъоварӣ намудани ҳосилоти мева ёрмандӣ расонида истодаанд.
Садҳо нафар комсомолетсҳо ва мактаббачагони район бо мақсади ба мамлакат дар вақташ дода истодани металл ва бо он ба фашистҳо расонидани зарбаи ҳалокатовар ба ҷамъоварӣ кардани оҳанпораҳо шурӯъ намуданд. Дар колхози ба номи Каганович комсомолетсҳо кайҳо 500 килограмма оҳанпораҳо ва ғайраҳо ҷамъ карданд. Дар дигар колхозҳои район ҳам даҳҳо ҳазор килограмма оҳанпораҳо ҷамъ карда шуд.
(Комсомоли Тоҷикистон. 26 июли соли 1941)