Намояндаи вазорати хориҷаи Амрико барои машварат ба Душанбе меояд

© wikimedia.org. CtacБинои вазорати корҳои хориҷии ИМА. Акс аз бойгонӣ
Бинои вазорати корҳои хориҷии ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати байниҳодӣ, ки онро муъовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Дэниэл Розенблюм раҳбарӣ мекунад, бо мақомоти Тоҷикистон вазъи феълии амниятӣ ва ҳамчунин фаъолияти НАТО дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муъовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Дэниэл Розенблюм 20-24 апрел аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои анҷоми машварат дар масоили Афғонистон дидан мекунад, омадааст дар баёнияи сафорати ИМА дар Душанбе.

Ҳайъати байниҳодӣ ба раҳбарии Розенблюм ва муъовини намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон Лорел Миллер бо мақомоти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон "таъаҳуддоти қатъии ИМА ба минтақа ва ҳаводиси ахир дар Афғонистонро" баррасӣ мекунанд, гуфта шудааст дар баёния.

Сафири ИМА бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон чизе таҳдид намекунад

"Иёлоти Муттаҳида ба ҳамкорӣ дар масоили ҳалли мушкилот ва хатароти муштарак ва ҳамчунин ба идомаи ҳамгироии афзоянда дар масоили амнияти минтақавӣ ва суббот бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ умедворӣ дорад", — зикр шудааст дар баёния.

Ин гурӯҳ ҳаводиси ахир дар Афғонистон, аз ҷумла интихоби ҳукумати Ваҳдати миллӣ, вазъи кунунии амниятӣ ва ҳамчунин фаъолияти НАТО дар Афғонистон — "Кӯмаки қатъӣ"-ро баррасӣ мекунад.

Тавзеъ дода шудааст, ки машваратҳои феълӣ ҳамасола тӯли панҷ соли ахир баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0