Бритониё ба сармоягузори тарҳи CASA-1000 алоқаманд аст

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкХатти интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ
Хатти интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Бритониё дар Душанбе Хю Стенли Филпотта дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов алоқамандии кишвар барои сармоягузории тарҳи CASA-1000-ро изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ҳукумати Бритониё тасмим гирифтааст тарҳи энержии минтақавии CASA-1000-ро сармоягузорӣ кунад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Аз алоқамандии Бритониё барои ширкат дар иҷрои тарҳи минтақавии энержии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро сафири Бритониё дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотта дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов хабар дод.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки Бритониё барои иҷрои ин тарҳ чӣ миқдор маблағеро ихтисос хоҳад дод.

Раҳмон: ҶТ имкони бештари истеҳсоли барқро дорад

Дар чорчӯби тарҳи "Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ" (CASA-1000) 1300 МВт барқи изофӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ба Покистон ва Афғонистон — кишварҳое, ки бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳанд, интиқол дода мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки миқдоре аз таъсисоте барои интиқоли нерӯи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон бунёд карда шаванд. Ин тарҳ таҳти раҳбарии Шӯрои байниҳукуматии чаҳор кишвар, ки ба он вузарои зирабти кишварҳои ширкаткунандаи тарҳ шомиланд, иҷро мешавад.

Тарҳи CASA-1000 дар пайи созишномаҳои сершумори марбут ба сохтмони он иҷро мешавад, ки дар миёни онҳо ҳафт қарордоди вижа барои кишварҳо ва чанд қарордоди байникишварӣ ҳастанд. Яке аз сармоягузорони бузурги ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0