Раҳмон: ҶТ имкони бештари истеҳсоли барқро дорад

© Фото : официальная страничка пресс-службы президента Таджикистана на FacebookЭмомалӣ Раҳмон аснои ширкат дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия. Акс аз хадамоти матбуотии президенти ҶТ
Эмомалӣ Раҳмон аснои ширкат дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия. Акс аз хадамоти матбуотии президенти ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба андешаи президент, дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад ба як бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи барқ табдил ёбад, барои ин иқтидори зарурии гидроэнергетикӣ мавҷуд аст. Аммо дар ҳоли ҳозир ҷумҳурӣ аз норасоии барқ танқисӣ мекашад.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тоҷикистон имкони истифодаи ҳамаи захоири гидроэнергетикиашро дар ҳоли ҳозир надорад ва ин омил монеъи рушди иқтисоди кишвар гардидааст, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар Душанбе. Дар ин бора рӯзи 26-уми ноябр сомонаи расмии президент иттилоъ медиҳад.

Нерӯи умумии солонаи барқи обии Тоҷикистон баробари 527 миллиард киловатт — соат мебошад, вале он то имрӯз ба андозаи на зиёда аз 5 %  истифода шудаасту бас. Ин ҳолат боиси таассуфи бузург аст, зеро рушду нумӯъи иқтисодӣ ва беҳ гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро ба таври муассир бозмедорад.

"Дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон метавонад ба истеҳсолкунандаву содиркунандаи бузурги неруи барқ табдил ёбад. Айни замон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа раванди лоиҳасозии шабакаи интиқоли барқи байнидавлатии « CASA  - 1000» ҷараён дорад, ки содироти неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ имконпазир мегардонад.Бунёди чунин хаттҳову шабакаҳо метавонад ба раванди ҷалби сармояҳо ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд, миёна ва бузургиқтидор дар кишвари мо ва инчунин ба рушди иқтисодии мамлакат таъсири мусбат гузорад",-қайд кард президент.

Ба қавли ӯ, гидроэнергетика яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини минбаъдаи амнияти энергетикӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад.

Барои идомаи сохтмони Роғун 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад

"Мо барномаи фарохи рушди гидроэнергетикаро таҳия ва қабул намудем, ки он ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти мухталифи энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ, кашидани хаттҳои дохилӣ ва байналмилалии барқиро дар назар дорад",-афзуд райисҷумҳур.

Раҳмон илова кард, ки дар ҷараёни татбиқи амалии барномаҳои энергетикӣ Тоҷикистон ба натиҷаҳои муайян муваффақ шудааст. Бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар дарёи Вахш ду неругоҳи барқи обии миёнаиқтидор бунёд ёфтанд, шабакаҳои интиқоли барқи «Шимол — Ҷануб», «Лолазор — Хатлон», «Хуҷанд — Айнӣ», ба истифода дода шуданд, хатти интиқоли барқи «Тоҷикистон — Афғонистон» фаъол гашт, як қатор неругоҳҳои барқи обии амалкунанда — «Помир», «Сарбанд», «Бойғозӣ», «Норак» — пурра ё қисман навсозӣ шуданд, ва ё дар марҳалаи таҷдид қарор доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0