Дороиҳои муъассисоти молии Тоҷикистон 11% афзоиш ёфтанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкВазъи бозори молӣ. Акс аз бойгонӣ
Вазъи бозори молӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахши аслии дороиҳои муъассисоти молиро дороиҳои бонкӣ ташкил медиҳанд. Онҳо дар муқоъиса бо авохири соли 2014 ба 10,4% афзоиш ёфтаанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дороиҳои муъассисоти қарзӣ 16 миллиарду 565,2 миллион сомонӣ аст ва дар муқоъиса бо авохири соли 2014 ба 11,5% афзоиш ёфтанд, омадааст дар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон.

Дороиҳо, яъне моликияти муъассисоти қарзии Тоҷикистон, ки моли бонкҳо буда арзиши худро доранд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 711,1 миллион сомонӣ афзоиш ёфтаанд.

Бахши аъзами дороиҳои муъассисоти қарзиро моликияти бонкӣ ташкил медиҳанд — 13 миллиарду 644,7 миллион сомонӣ. Дар муқоъиса бо авохири соли 2014 онҳо ба 1 миллиарду 281,8 миллион сомонӣ ё ба 10,4% афзоиш ёфтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ аз афзоиши пасандози шаҳрвандону корхонаҳо хабар дод

"Ин мар ба далели афзоиши ҳаҷми захойири маблағ, миқдори қарзҳо, моликияти асосӣ ва дороиҳои дигар ба даст омадааст", — зикр шудааст дар гузориши Бонки миллӣ.

Хабар дода мешавад, ки миқдори боқимондаи қарзҳои муъассисоти қарзӣ (нетто) дар ин муддат 9 миллиарду 207,9 миллион сомонӣ шудааст, ки дар муқоъиса бо авохири соли 2014 ба 786,5 миллион сомонӣ ё ба 9,3% афзоиш ёфтааст.

Яке аз манобеъи таъсиси дороиҳои муъассисоти қарзӣ пасандозҳои мардум ҳисоб мешаванд. Дар моҳҳои январ ва марти соли ҷорӣ маблағи пасандозҳо дар маҷмӯъ 7 миллиарду 85,9 миллион сомонӣ шуда, дар муқоъиса бо авохири соли 2014 ҳамагӣ ба 394,4 миллион сомонӣ ё ба 5,9% афзоиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0