ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Даҳҳо тан аз намояндагони фарҳанги тоҷик имрӯз дар маросими ёдбуди коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров, ки рӯзи сешанбе дар синни 50 солагӣ фавтид, ширкат карданд, менависад хабаргузории "Авеста".
Дар ин маросим, ки дар киностудияи "Тоҷикфилм" баргузор шуд, пайвандон, дӯстон ва ҳамкоронаш аз осори саршиноси коргардон ёдоварӣ карда онҳоро самимӣ ва воқеъӣ унвон карданд.
"Мо нафареро аз даст додем, ки намояндаи синамои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони раиси Иттиҳоди синамосозони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов.
Дар поёни маросим лаҳзаҳое аз филмҳои саршиноси Худойназаров намоиш дода шуданд.
Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик ва рус, сармоягузор ва таҳиякунанда ва ҳунарманд соли 1965 дар Душанбе таваллуд шудааст. Кори нахустини коргардониаш филми телевизионии "Бародар" дар соли 1991 буд, ки ҳамзамон таҳиякунандааш буд. Баъди ду сол ва дар Тоҷикистон филми "Қош ба қош"-ро ба навор бардошт, ки ҳамзамон сармоягузораш низ буд. Баъд аз таввақуфи шашсола филми "Падари маҳтобӣ"-ро таҳия кард.
Маҳз баъд аз намоиши ин филм, ки дар он нақшҳои асосиро Чулпан Хаматова ва Моритс Бляйбтрой иҷро кардаанд, Худойназаров дар ҷаҳон коргардони шинохта шуд.