ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Коргардони синамо Бахтиёр Худойназаров рӯзи сешанбе дар Олмон дар синни 50 солагӣ аз олам даргузашт, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба "Интерфакс".
Ба гуфтаи дӯстонаш, коргардон дар бемористони Берлин баъд аз маризии тӯлонӣ фавтидааст. Солҳои ахир Худойназаров дар ин шаҳр зиндагӣ мекард.
Коргардони тоҷик ва рус Бахтиёр Худойназаров соли 1999 баъд аз намоиши филми "Падари маҳтобӣ" шӯҳрат пайдо кард. Нақшҳои асосиро дар ин филм Чулпан Хаматова ва Моритс Бляйбтрой иҷро кардаанд.
Ин филм дар обанбори Қайроққум дар вилояти Суғд ба навор бардошта шудааст.
Дар мусоҳиба бо "Антология UZ" дар авохири моҳи марти соли гузашта Худойназаров гуфта буд, ки ба ҳангоми наворбардорӣ ин филм селоб фаромада буд.
"Ман аз рӯҳонии маҳаллӣ пурсидам, ки чаро табиат бо мо чунин рафтор мекунад. Вай гуфт: "Шумо чӣ мехоҳед? Шумо ин ҷо омада шаҳраке бунёд кардед, вале на аз паррандаҳову хазандаҳо иҷоза напурсидед. Шумо ҷаҳони онҳоро вайрон кардед. Ба ҳамин далел селоб шаҳраки барои навор сохтаи шуморо тахриб кард", — қисса кард коргардон.
Дар соли 2012 филми фоҷиавии вай — "Дар интизори баҳр" филми муҳимтарин маросими ифтитоҳи ҷашнвораи Рим буд.
"Дар интизори баҳр" — идомаи асари сегонаест дар бораи Авруосиё, ки замоне дар борааш тасмим гирифта будам. Ман мафҳуми "Осиёи Марказиро" дӯст намедорам ва ба ҳамин далел Авруосиё ном мебарам. Филми аввали ин сегона "Падари маҳтобӣ" буд, сипас таҳияи "Моҳии зинда" ва "Дар интизори баҳр" пайдо шуд", — иқтибос овардааст пойгоҳи интернетии "Вокруг ТВ" аз суханони Худойназаров.
Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик ва рус, саҳмгузор ва таҳиясоз, ҳунарманд соли 1965 дар Душанбе таваллуд шудааст. Нахустин таҷрибаи коргардониаш филми телевизионии "Бародар" дар соли 1991 буд, ки ҳамзамон таҳиякунандааш низ буд. Баъд аз ду сол вай дар Тоҷикистон филми "Кош ба кош"-ро ба навор гирифта ҳамзамон таҳиякунандааш низ буд ва сипас баъд аз таваққуфи шашсола — "Падари маҳтобӣ"- ба навор гирифт.
Соли 2003 филми навбатии вай бо номи "Шик" ба намоиш гузошта шуд, ки дар Русия наворбардорӣ шуда буд. Соли 2006 тавассути "Шабакаи аввал" филми бисёрсериягии Худойназаров бо номи "Танкери Танго" намоиш дода шуд. Дар ин филм коргардон бо як нафари дигари зодаи Тоҷикистон — Далер Назаров ҳамкорӣ кард, ки барои ин филм оҳанг эҷод кард.
Яке аз асарҳои ахираш филми бисёрсериягии телевизионии "Аҷоиботи сарҳанг Соколов" буд, ки дар он нақши асосиро ҳунарманд Андрей Панин иҷро кардааст.