ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Баъд аз панҷ рӯзи боздошт дар Агентии назорат бар маводди мухаддир Шамсиддин Зайдуллоеви 25 сола ҷони худро аз даст дод ва ба гуфтаи волидайнаш дар бадани писари онҳо изи латукӯб вуҷуд доштанд, хабар медиҳад сомонаи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ барои муқобала бо шиканҷа.
Ин ҷавон 8 апрел аз сӯйи маъмурони Агентии зиддимухаддаротӣ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуда буд ва аллакай субҳи дигар дар дидор бо модараш ба гуфтаи вай, баданаш дард мекард.
"Вақте сари ӯро силла мекардам, вай ногаҳон ба ман гуфт, ки дар паси сараш ҷароҳате ҳаст ва дард мекунад. Ман оҳиста пурсидам, ки ӯро дар ин ҷо заданд ва дар посух вай ризоиятомез сар ҷунбонд", — гуфт Тоҷиниссо Каримова.
Аз пайи Шамсиддин барои бори нахуст шоми 8 апрел омаданд. Ба гуфтаи модараш, ки ба Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа муроҷиъат кард, ба мошини писараш се нафар бо либоси мулкӣ нишастанд. Онҳо ба дастонаш завлона андохта латукӯб карданд. Баъд аз мудохилаи ҳамсоягонаш ва раҳгузарҳо онҳо аз дасти Шамсиддин завлонаро кушода аз маҳалли ҳодиса рафтанд.
Соъати 20:00 ба манзилашон гурӯҳе бо се мошин омада худро маъмурони АНММ муъаррифӣ карданд. Дар миёни онҳо ҳамон се нафаре буданд, ки худро Зафар, Умед ва Фирдавс муъаррифӣ карда буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки Шамсиддин дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам мешавад ва ӯро ба АНММ ҳамроҳи худ бурданд, ҳарчанд ҳеҷ санаде барояшон нишон надоданд.
Баъд аз ин модари Шамсиддин ӯро танҳо 9 апрел дидааст. 13 апрел ба волидон хабар доданд, ки Шамсиддин фавтидааст.
Дар Агентӣ ба волидайни Шамсиддин гуфтанд, ки вай зинда ва дар бахши 5 Маркази миллии беҳдоштӣ қарор дорад. Вақте, ки наздиконаш ба он ҷо омаданд, писари худро пайдо накарданд. Дар он ҷо барояшон гуфтанд, ки бояд ба сардхона муроҷиъат кунанд. Дар ниҳоят волидайн ҷасади Шамсиддини 25 соларо дар сардхонаи ВКД пайдо карданд.
Ба гуфтаи волидайн, дар тамоми бадани писарашон ҷароҳатҳои зиёде дида мешуд. Ба гуфтаи онҳо, писарашон маводди мухаддир истеъмол намекард ва ҳеҷ беморие надошт ва танҳо дар пайи латукӯб метавонист ҷони худро аз даст бидиҳад.
Дар АНММ иттиҳомот дар бораи латукӯбро радд мекунанд ва изҳор медоранд, ки ин ҷавон муътод буд ва дар пайи бемории қалб ҷони худро аз даст дод.
"Вай муътод буд ва шаби 13 апрел бемории муътодиъаш хуруҷ кард. Пизишкони маркази муътодон барояш пешниҳод карданд, ки ба бемористон бубарандаш, вале вай ба таври хаттӣ аз ин пешниҳод даст кашид, — гуфт сухангӯйи Ожонсӣ Хушнуд Раҳматуллоев. — Ӯро дубора ба боздоштгоҳи АНММ оварданд ва соати 5 субҳ вай аз бемории қалб фавтид".
Раҳматуллоев вуҷуди изи шиканҷа дар бадани марҳумро радд мекунад. Ба гуфтаи вай ҳоло ташхиси пизишкиву додгоҳи ҷараён дорад ва натоиҷи он 22 апрел эълом мешаванд.