ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. То имрӯз 168 шаҳрванди Тоҷикистон ин кишварии арабии мубтало ба ҷанги шаҳрвандиро тарк намуданд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Охирин гурӯҳ иборат аз кормандони тиб ва аъзои хонаводаи онҳо тавассути Дубай ба Тоҷикистон баргаштаанд, гуфтааст Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷа.
Вай афзудааст, ба омори 168 нафари аз Яман беруншуда шаҳрвандоне, ки шиносномаи Русия доранд, шомил нестанд.
Айни ҳол, ба гуфтаи Атоев, се шаҳрванди Тоҷикистон дар Арабистони Саудиянд ва сафорати Тоҷикистон дар такопӯи ба кишвар интиқол додани онҳост.
"70 нафар, аз ҷумла, даҳ кӯдаки ноболиғ бо ихтиёри худ дар қаламрави Яман боқӣ мондаанд, аммо рӯзи панҷшанбе шаш нафари онҳо низ хостори хурӯҷ аз кишвар шудаанд ва ҳоло дипломатҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои аз Яман берун кардани ин шаҳрвандонанд", — афзудааст Атоев.
То кунун даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бештарашон бо қарордоди ширкатҳои Русия, асосан ба табобати мардуми Яман машғул буданд, ҳамроҳ бо хонаводаашон тавассути ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав ва сипас ба ватан оварда шудаанд.
Ихроҷи шарвандони хориҷӣ аз Яман бо шурӯи амалиёти Эътилофӣ ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ — мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, нахустин гурӯҳи панҷнафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ Яманро тарк карда буданд, 3 апрел ба Тоҷикистон баргашт. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Санъо, пойтахти Яман, берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.