ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Наздики 300 нафар мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон, шаби душанбеи 13 апрел тавассути ду ҳавопаймо аз Яман ба Маскав оварда шуданд, хабар додааст РИА Новости.
Дар дохили ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Украина, Булғористон, Яман, Сурия, Олмон, Миср, Лаҳистон ва Индонезия ҳузур доштанд. Дақиқан чанд нафаре аз онҳо шарҳрвандони Тоҷикистонанд, иттилоъ дода намешавад.
То 9 апрел тариқи ҳавопаймоҳои ВҲИ Русия аз Яман 130 шаҳрванди Тоҷикистон берун оварда шуда буданд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар он кишвар тақрибан аз 100 то 150 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба мақсади кор рафтаанд, қарор доранд.
Дар интиҳои моҳи март неруҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ амалиёти ҷангиро алайҳи шӯришиёни ҳусии Яман шуруъ кард.
Шӯришиён чанде муқаддам пойтахти Яман шаҳри Санъоро зери нуфуз қарор дода, президенти ин кишварро маҷбур ба тарки Яман карданд.
Кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, бо шумули СММ, шаҳрвандон ва кормандони худро аз Яман берун меоранд.