Маоши муттавасит аз соли 2014 дар Тоҷикистон 8% бештар шуд

© SputnikПули сомонӣ
Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон афзоиши мизони маош дар муқоъиса бо соли гузашта мушоҳида шудааст, ва мизони воқеъии маош бо дарназардошти болоравии арзиши маҳсулот ва хадамот чандон зиёд нашудааст.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Мизони маоши муттавасит, ки дар моҳи феврали соли 2015 ба кормандон дода шудааст ба 886,54 сомонӣ (беш аз $145) шуда ва дар муқоъиса бо моҳи феврали соли 2014 ба 8,1% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Ожонси омори Тоҷикистон.

Мизони маоиши ниҳоӣ аз соли гузашта тағйир наёфта 250 сомонӣ боқӣ мондааст.

Таъкид мешавад, ки мизони воқеъии маош (бо дарназардошти тағйири қимматҳо) дар моҳи феврали соли 2015 дар муқоъиса бо моҳи январи соли ҷорӣ 2,9% ва нисбати моҳи феврали соли 2014 ба 1,3% бештар шудааст.

Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Маош, идрорпулӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ дар моҳи сентябр афзоиш меёбанд

Тибқи омори расмӣ, мизони пасттарини маош бар бахши воқеъии иқтисод дар моҳи феврали соли 2015 аз кишоварзон, шикор, ҷангалбонӣ — 297,69 сомонӣ ва моҳидорӣ — 495,51 сомонӣ будааст.

Маоши баландтарин дар бахши воқеъии иқтисод дар арсаи сохтмон — 1 ҳазору 756,39 сомонӣ, истихроҷи маъодин — 1 ҳазору 673, 22 сомонӣ, дар бахшҳои энержӣ, газ ва таъмини об — 1 ҳазору 196, 95 сомонӣ будааст.

Дар арсаи хадамот маоиши баландтарин ба кормандони молия — 2 ҳазору 42,34 сомонӣ ихтисос ёфтааст, маоши мутахассисони нақлиёт, анборҳо ва алоқа камтар — 1 ҳазору 665,36 сомонӣ будааст. Онҳое, ки дар меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо кор мекунанд ба сурати мутавассит 948,63 сомонӣ ҳуқуқ мегирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0