ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Абдухалил Убайдов, ки дар озмуни "Беҳтарин нозири минтақавии сол" ҷои аввалро ишғол намудааст, 15 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".
Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ доир гардидааст.
Абдухалил Убайдов, майори милитсия, сардори минтақаи хизматии милитсияи №27, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати умури дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои пойтахт мебошад.
Дар ин озмун Абубакр Муродализода, ҷои дуюм ва Илҳомиддин Идиев, мақоми сеюмро соҳиб шудаанд, ки ҳарду капитани милитсия буда, ба Муродализода 12 ҳазор сомонӣ ва ба Идиев 10 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев иброз доштааст, ки ба ҳар як ғолиби озмун шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт, ки 17-уми апрел таҷлил мешавад, ба таври тантанавӣ супорида мешавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 37 ҳазор сомониро барои пардохти мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ҷудо намояд.