Қадрдонии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соати барориши соли 1945

© Sputnik / Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ шуълаи оташи фурӯзони Тоҷикистонро барои рӯшан кардани оташи ҳамсон дар Маскав бо худ бурдаанд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар назди оташи фурӯзон дар Тоҷикистон гулчанбар гузошта, шӯълаи онро барои тақвияти оташи ҳамсон дар таҷлили ин ҷашн дар Маскав бо худ гирифтаанд, менависад "Озодагон".

Ба иттилои ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар пайи ин чорабинӣ, ки рӯзи 31 март баргузор шуд, иштирокчиёни тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалҳои 70-умин солгарди ин ҷашн ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

Дар ин чорабинӣ, ки дар боғи Ғалаби Душанбе баргузор шуд, узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси парлумони Қазоқистон ҷаноби Жексенбай Дуйсебаев бо ҳамроҳии муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Убайдулло Қурбон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Шӯрои Ветеранҳо Раҳмат Қудратов ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Мизроб Саидов ва дигар шахсони ҳамроҳикунанда иштирок кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, нимаи дуюми рӯз меҳмононро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин вохурӣ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ибтикори Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо соати барои қаҳрамонони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барориши соли 1945 мебошад, қадрдонӣ шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0