ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. ХФМ Русия ҳудуди 1,3 миллион нафар муҳоҷиронро мамнӯъ-ул-вуруд кард, ки ба рафтори куллияи атбоъи воридшаванда ба Русия таъсир гузоштааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари ин ниҳод Константин Ромодановский.
"Натоиҷи ин наҳваи ҷадиди танзими равандҳои муҳоҷират дар муқоъиса бо ихроҷи муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ бамаротиб муассиртар шуд. Мануъи вуруд ба рафтори дигарон таъсир гузошт", — гуфт рӯзи чаҳоршанбе раҳбари ин ниҳод.
Ба гуфтаи вай, низоми сиёсати муҳоҷиратӣ дар кишварро бояд "батадриҷ" бунёд кард. Иҷрои куллияи аҳдоф ғайримумкин аст ва ба ин далел бояд бидуни саросемагӣ рафтор кард ва камбудиҳои дар раванди фаъолият пайдошударо ислоҳ кард. Танҳо дар ин сурат ба ҳадафи муассири ниҳоӣ хоҳем расид, изофа кард Ромодановский.