ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Феълан Русия ба афви муҳоҷиратӣ ниёз надорад, иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони раҳбари ИФМ ФР Константин Ромодановский.
"Идораи муҳоҷират ба ин мавзӯъ тобистон ва ё тирамоҳ замоне, ки бозгашти муҳоҷирон оғоз шуда вазъ оромтар мешавад, рӯй меоварад", — гуфт раҳбари ИФМ.
Вай таъкид кард, ки феълан вазъи муҳоҷиратӣ бидуни ихтисоси иқдомоти изофӣ танзим мешавад.
Раҳбари идора зикр кард, ки дар тӯли се соли ахир муҳоҷирон ба қаламрави Русия танҳо ворид мешуданд, вале имсол дар пайи ташдиди қавонини муҳоҷиратӣ амали баръакс оғоз шуд.
Ромодановский бар ин назар аст, ки чунин нишондод бозгӯйи танзими вазъ аст ва он теъдоди муҳоҷирон, ки ба Русия зарур аст, дар солҳои наздик танзим мешавад.