ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Писари сарҳанги мустаъфии тоҷик, Диловар Мухторови 27-сола дар набардҳо дар Сурия кушта шудааст, менависад Радио Азаттик.
Ин ҷавон ба гуфтаи пайвандонаш ва ниҳодҳои интизомӣ дар Сурия дар суфуфи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" меҷангид.
Падари ин ҷавон сарҳанги мустаъфӣ Ҷумъахон Мухторов дар сӯҳбат бо радио хабар дод, ки вақте писараш аз Сурия барояш занг зад, хоҳиш кардааст, ки ба ватан баргардад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Радиои Озодӣ Диловар Мухторов, ки бо лақаби "Ҳамза Ал-Тоҷикистонӣ" маъруф буд, эҳтимолан дар набардҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ кушта шудааст ва дар ин бора ҳамватанонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додаанд, ки низ ба суфуфи ДИ пайвастаанд.
Ин ҷавон, тибқи иттилоъи модараш, ки дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ба Сурия аз Маскав рафтааст, ки ба он ҷо 6 сол қабл барои ҷустуҷӯи ҷойи кор рафта буд.
"Эҳтимолан, писарам ба хотири пули бисёр ба Сурия ба ҷанг рафтааст. Вай чандон мазҳабиву худобовар ҳам набуд, баръакс шахси дунявӣ буду ҳатто намоз намехонд", — гуфтааст ба расона модари ин ҷавон.
Рӯзи қабл радио бо истинод ба иттилоъи ВКД дар бораи боздошти шаҳрванде, ки ба ҷалби сокинони кишвар ба Сурия муттаҳам мешавад, хабар дода буд. Вай ба интиқоли зархаридон то Туркия масъул будааст.
Ба иттилоъи ниҳодҳои амниятӣ беш аз 300 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар суфуфи исломгароён дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Онҳо ба ин кишварҳо тавассути Афғонистон, Русия ва умдатан тариқи Туркия ворид мешаванд.