ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Туркия гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ қасди гузаштан ба ҳудуди Сурияро доштаанд, дар байнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, менависад Armenia Today бо истинод ба изҳороти ҳокими минтақаи Ғозиёнтеппа.
Дар миёни 12 нафар, ки тайи чанд рӯзи ахир боздошт шудаанд, ҳафт шаҳрванди Русия, ду сокини Косово, як табааи Тоҷикстон, як шаҳрванди Швейтсария ва Сурия ҳастанд.
Манбаъ менависад, мақомоти шаҳри Ғозиёнтеппа эълон кардааст, ки ин нафарон мехостанд ба воситаи марзи Туркия ба минтақаи даргири Сурия ворид шаванд.
"Эҳтимол меравад, ки онҳо нияти ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастанро доштанд.
"Нафарони боздоштшуда ба шӯъбаи кор бо хориҷиҳои мақомоти амниятӣ супурда шуда, баъди таҳқиқот ба кишварҳояшон истирдод мешаванд", — гуфтаанд дар мақомот.
Аз нафарони боздоштшуда ном бурда нашудааст
Дар як ҳафтаи охир ин танҳо ягон хабар дар бораи боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо шумули тоҷикон дар ин минтақа нест, ки қасди гузаштан ба Сурияро доштаанд.
3-юми апрел расонаҳои туркӣ хабар доданд, ки дар Ғозиёнтеппа 7 шаҳрванди хориҷиро боздошт кардаанд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, 4 шаҳрванди Русия ва шаҳрванди Ӯзбакистон мебошанд.
Дар давоми чор соли охир мақомоти ин минтақаи Туркия 269 нафар аз 27 кишварро боздошт кардаанд, ки қасди ба таври ғайриқонунӣ гузаштан ба хоки Сурияро доштаанд, аз ин миён чаҳор нафарашон тоҷик мебошанд.
"Давлати исломӣ" соли 2006 дар Ироқ аз тариқи муттаҳидшавии ёздаҳ гурӯҳҳои исломии тундгаро ба раҳбарии бахши маҳаллии "Ал-Қоида" таъсис шудааст. Теъдоди ҷангиёни ин гурӯҳ ба даҳҳо ҳазор нафар расида ва дар ихтиёри онҳо таслиҳоти вазнин ҳаст. Онҳо фаъолияти тундгароёна бурда, ба шумори зиёди амалиёти террористӣ алайҳи неруҳои амрикоӣ ва НАТО дар қаламрави Ироқ, зидди низомиёни ироқӣ ва ҳамчунин зидди сокинони осоишта муттаҳам дониста мешаванд.