Мақоми шашуми Тоҷикистон аз рӯи таваррум миёни кишварҳои собиқи ИҶШС

© Sputnik / Амир ИсаевНархи маҳсулот дар аввали моҳи декабр дар яке аз бозорҳои Душанбе
Нархи маҳсулот дар аввали моҳи декабр дар яке аз бозорҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз рӯи дараҷаи таваррум миёни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои шашумро ишғол карда, аз Русия, Қазоқистон ва Беларус ҳам пеш гузашт.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Таваррум дар Тоҷикистон тайи 11 моҳи ахир 6,8 дарсадро ташкил дода, аз рӯи ин нишондод кишвар ба ҷои шашум миёни давлатҳои пасошӯравӣ расид, менависад сомонаи Хартия-97 бо истинод ба БелаПАН.

Пажӯҳиши оҷонсии беларусии БелаПАН дар мавриди омори миллии кишварҳо ҳокӣ бар он аст, ки дар 11 моҳи соли равон се ҷойи аввалро дар ин раддабандӣ — Украина бо 21,2 %, Беларус бо 15,5 фисад ва Қирғизистон бо 8,9 дарсади таваррум касб кардаанд.

Русия бо 8,5 % дар ҷои чаҳорум (пас аз Қирғизистон) қарор дошта, Қазоқистон-6,9 %, Тоҷикистон-6,8 %, Малдова-3,9 %, Гурҷистон-1,4 %, Латвия- 0,8 % ва Литва- 0,4 % дар зинаҳои баъдӣ мавқеъ гирифтаанд.

Вазъи аз ҳама беҳтар дар Озарбойҷон ва Эстония ба назар расидааст, зеро дар ин кишварҳо нархҳо аз моҳи январ то ноябр ба андозаи 0,6 дарсад коҳиш ёфтаанд. БелаПАН дар мавриди Ӯзбакистон ва Туркманистон маълумоти дақиқ руйи даст надорад.

Гуфтанист, моҳи ноябри соли 2014 дар қаламрави ҷумҳурии худгардони Приднестрови Малдова, ки низоми молиявии мустақили худро дорад, нархҳо ба андозаи 0,1 дарсад поин рафтаанд. Аммо аз аввали сол то имрӯз нишондоди мазкур 1,1 % —ро ташкил дод.    

Лентаи хабарҳо
0