Талаби ҳабси абад барои як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

© Sputnik Завлона. Акс аз бойгонӣ
Завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии вилояти Новгороди Русия барои Дӯстмурод Илёсов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар қатли 4 нафар муттаҳам мешавад, ҳабси абад талаб кардааст.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Додситонии вилояти Новгороди Русия барои Дӯстмурод Илёсов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар куштори 4 нафар муттаҳам мешавад, ҳабси абад талаб кардааст, менависад сомонаи мақомоти прокуратураи Федератсияи Русия.

Задержанный.. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар куштори руҳонии рус як шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад

Айбдоркунандаи давлатӣ далели ин талабашро дар мурофиаи рӯзи 14-уми апрел дар додгоҳи вилоятӣ, хатарнок будани ин шаҳрванди Тоҷикистон барои атрофиён хондааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии вилояти Новгород, Илёсов дар он муттаҳам мешавад, ки 27-уми майи соли 2013, зимни истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар маҳаллаи Демянски вилояти Новгород ду ҳамқадаҳаш, сокинони 39 ва 37-солаи маҳаллиро ба қатл расондааст.

"Сипас дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Окуловка, ки он ҷо дар як ферма кор мекардааст, вориди як хона шуда, соҳибхоназан ва баъдан дар хонаи дигар собиқадори 90-солаи меҳнатро куштааст", — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар пайи ин Илёсов қасди куштори шоҳиди ҳодиса, шаҳрванди Ӯзбакистонро кардааст, аммо дуюмӣ тавонистааст, аз дасти ӯ халос шавад.

Соли 2013 ташхиси тиббӣ муайян намуд, ки Илёсов бемор аст ва бо қарори додгоҳ ӯ барои табобати ҳатмӣ ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ интиқол дода шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, табобати ҳатмии Илёсов моҳи июни соли 2014 ба охир расид ва баррасии парвандааш аз сар гирифта шуд.

Мақомоти тафтишотии Новгород таъкид мекунанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон гуноҳашро дар чор ҳолати куштор пурра иқрор кардааст ва дар назар аст, ки сухани охиринашро дар мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 16-уми апрел ироа кунад.

Лентаи хабарҳо
0