Дар куштори руҳонии рус як шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗадержанный.. Архивное фото
Задержанный.. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар куштори Мешков, ки 3-юми январи соли равон сурат гирифтааст, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Аммо аз ному насаби ин шаҳрванд то кунун ном бурда нашудааст.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли Анатолий Мешков, руҳонии рус, дар шаҳри Нижний Новгороди Русия боздошт шудааст, хабар медиҳад Раёсати тафтишоти Федератсияи Русия дар вилояти Нижегород.

Руҳонии қатлшуда хидматгузори ибодатгоҳи шаҳри Нижний Новгород будааст.

Ба иттилои сарчашма, дар куштори Мешков, ки 3-юми январи соли равон сурат гирифтааст, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Аммо аз ному насаби ин шаҳрванд то кунун ном бурда нашудааст.

"Марҳум боздоштшударо ба хонааш ба кӯчаи Чкалов даъват кардааст, то хонаашро ба ӯ ба иҷора диҳад. Аммо байни онҳо муноқиша сар зада, дар натиҷа муттаҳам руҳониро латукӯб ва бо "бутилка" куштааст. Дар пайи куштор айбдоршаванда маблағ ва компютери марҳумро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст", — хабар медиҳад манбаъ.

Ҷасади руҳониро ҳамсояаш бе либосҳои болопӯш дарёфт кардааст.

Анатолий Мешкови 56-сола номзади илмҳои илоҳишиносӣ буда, ба гуфтаи мақомоти Русия, феълан тафтишоти парвандаи куштори ӯ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0