Соли гузашта 14 корманди интизоми бо маводди мухаддир боздошт шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевРустам Назарзода
Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳордаҳ корманди ниҳодҳои интизомӣ ва дифоъи Тоҷикистон, аз ҷумла як нафар маъмури зиддимухаддир соли гузашта аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддир боздошт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Соли гузашта ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир 14 корманди ниҳодҳои интизомӣ ва дифоъи кишвар боздошт шудаанд, хабар дод раҳбари Оҷонсии назорат аз боли маводи нашъадор Рустам Назарзода дар нишасти матбуотии рӯзи чаҳоршанбе, менависад хабаргузории Авеста.

Назарзода зикр кард, ки дар вилояти Суғд бо 2 килограмм ҳероин корманди худи ҳамин Оҷонсӣ боздошт шудааст.

"Дар миёни боздоштшудагон се маъмури ВКД, се корманди амниятӣ, панҷ нафар марзбон, як нафарӣ аз Идораи иҷрои ҷазо ва Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳастанд", — гуфт Назарзода.

Раҳбари Оҷонсӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёти зидди қочоқчиён дар Шӯрообод, ки он замон 62 килограмм маводди мухаддир забт карда шуд, ду корманди оҷонсӣ кушта шудаанд.

"Оҷонсӣ 154 ҷинояти марбут ба қочоқи маводди мухаддиро ошкор карда, 981 килограмм маводди мамнӯъ ва мадҳушкунанда, аз ҷумла 52 килограмм ҳероин, 184 килограмм ҳашиш ва 744 килограмм мухаддироти дигарро забт кард. Аз рӯйи ҳамаи ин ҷиноёт 200 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст",-илова кард Назарзода

Номбурда ҳамчунин дар бораи теъдоди мӯътодон ва сироятзадаҳои бемории ВИЧ хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта дар кишвар 7279 нафар мӯътод, ки таҳти назорати пизишкон қарор доранд сабт шудаанд, ки нисбат ба соли пеш 103 нафар бештар аст.

Теъдоди мубталоиёни бемории ВИЧ ба 6558 нафар расидааст, ки 1971 нафари онҳо занон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0