Қаҳҳоров тавваҷӯҳи ША СҲШ-ро ба ташаннуҷи вазъ дар минтақа ҷалб кард

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкАбдураҳим Қаҳҳоров. Акс аз бойгонӣ
Абдураҳим Қаҳҳоров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни суханронӣ дар назди ҳамтоёни СҲШ Дабири шӯрои амнияти Тоҷикистон тавваҷӯҳи онҳоро ба хатароти марбут ба қочоқи маводди мухаддир ҷалб сохта хабар дод, ки моҳи май дар Душанбе ҳамоиши байналмиллалии муқобала бо хатароти маводди мухаддир баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дабири Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров зимни суханронӣ дар ҳузури ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СҲШ дар Москав тавваҷӯҳи онҳоро ба рафъи мавориди хушунатангез дар минтақа ҷалб кард, хабар медиҳад сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Қаҳҳоров дар ҳамоиши 10-уми ҳамасолаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Маскав баргузор мешавад, гузориш кард.

"Вай тавваҷӯҳи ҳозиринро ба масоили мубрами амниятӣ дар манотиқи СҲШ, муқобала бо таҳдидҳои мухаддаротӣ ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи мавориди хушунатангез дар пайи таҳдидҳои муъосир ҷалб сохт", — омадааст дар хабар.

Дабири кулли СҲШ: заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеъаи созмон омода аст

Дабири Шӯрои амният хабар дод, ки моҳи май дар Душанбе ҳамоиши байналмиллалӣ барои муқобала бо таҳдидҳои мухаддаротӣ баргузор мешавад ва ба он куллия кишварҳои СҲШ даъват шудаанд.

Дар ҳамоиши Маскав дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ масоили таъмини амният дар минтақа бо дарназардошти вазъи тағйирёбанда дар кишварҳои ҳамҷаворро баррасӣ карданд.

Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон узви СҲШ мебошанд. Афғонистон, Ҳинд, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон нозир ҳастанд.

Феълан созмон барои афзоиши теъдоди кишварҳои узв омодагӣ мебинад ва эҳтимол меравад, ки ба он Покистон ва Ҳинд шомил мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0