Ҷангиёни "Блэкуотер" барои қатли ом дар Ироқ муҷозот шуданд

© AP / Andrew HarnikНишони ширкати "Блэкуотер". Акс аз бойгонӣ
Нишони ширкати Блэкуотер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Блэкуотер" баъд аз қазияе дар Бағдод саршинос шуд, он замон кормандони ин ширкат издиҳоми бесилоҳро тирборон карданд. 14 нафар кушта ва афроди зиёде захмӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Корманди собиқи ширкати муҳофизии амрикоии "Блэкуотер" Николас Слаттен ба ҳабси абад маҳкум шуд, менависад РИА Новости. Вай ҳамроҳи се нафар ҳамкоронаш дар қатли 14 сокини мулкии Ироқ муҷрим дониста шуданд.

Дар соли 2007 кормандони ширкати муҳофизӣ баъд аз эҳсоси хатар издиҳоми бесилоҳро тирборон карданд. Дар натиҷа он замон 14 нафар кушта ва афроди зиёде захмӣ шуданд.

Якҷо бо Слаттен дар ин қатли ом Пол Слоу, Эван Либерти, Дастин Херд низ муҷрим дониста шуданд. Ин афрод барои то 30 солӣ равонаи зиндон шуданд.

"Вашингтон пост" навишта буд, ки муҷримон тирпарронии бидуни нишонро баъд аз он оғоз карданд, ки яке аз ин афрод иштибоҳан тасмим гирифт, ки ба корвони амрикоӣ террористи маргхоҳ таҳдид мекунад.

Зикр шудааст, ки он замон на ҳама аз кормандони "Блэкуотер" тирпарронӣ карданд, бархе аз онҳо тибқи муввазафоти худ ба унвони нахустин тир напарронданд.

Баъд аз ин қазия ширкати "Блэкуотер" исми худро ба "Акэдеми" табдил кард.

 

Лентаи хабарҳо
0