ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Маблағи умумии кӯмакҳои билоивази молии Ҷопон ба Тоҷикистон дар тӯли солҳои ҳамкорӣ, ки барои рушди иқтисод равона шудаанд, $300 миллион шудааст, зикр шуд имрӯз дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби раиси JICA, хабар медиҳад маркази матбуотии раёсати ҷумҳурӣ.
Мавзӯъи рушди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Ҷопон, раванди иҷрои тарҳҳои Ожонсии рушди байналмиллалии Ҷопон (JICA) имрӯз дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Киёши Кодеро матраҳ шудаанд.
Зикр шуд, ки Ҷопон дар тӯли солҳои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон $300 миллион кӯмакҳои билоивази молӣ ва $60 миллион кӯмакҳои фаннӣ ироъа кардааст.
"Ин кӯмакҳо барои иҷрои тарҳҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисод ва ҳамчунин барои фароҳам кардани зарфият ва зербаноҳои рушд равона шудаанд. Феълан бо кӯмаки молии Ҷопон бархе аз тарҳҳо дар бахшҳои иҷтимоиёт, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тавсеъаи навоҳии ҷудогона иҷро мешаванд", — омадааст дар хабар.
Аз соли гузашта ду тарҳи нав иҷро мешаванд — барои бо об таъминкунии сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва тарҳи беҳбуди вазъи Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе бо сохтмони терминали ҷадиди боркашӣ.
"JICA дар садад аст дар оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тақвият диҳад ва ҷумҳуриро бо дарназардошти хатароти омилҳои беруна ба рушди иқтисоди кишвар, ки ба мушкилот дар бархе аз кишварҳои шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон марбут аст, пуштибонӣ кунад", — зикр кард Кодеро.