https://sputnik.tj/20150414/1015160542.html
Толибон беш аз 20 низомии афғонро қатл карданд
Толибон беш аз 20 низомии афғонро қатл карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ахиран фаъолшавии гурӯҳҳои тундрави ҷунбиши “Толибон” мушоҳида мешавад, онҳо ба воҳидҳои нерӯҳои давлатӣ, ки дар ин минтақа... 14.04.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-04-14T11:00+0500
2015-04-14T11:00+0500
2015-04-14T11:00+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101431/15/1014311561_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_9d0c3794a514f6ba59319abc4dc03ac5.jpg
афғонистон
вилояти бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, афғонистон, вилояти бадахшон, шабакаи "тулуъ", кушта шудани низомиёни артиши миллӣ
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, афғонистон, вилояти бадахшон, шабакаи "тулуъ", кушта шудани низомиёни артиши миллӣ
Толибон беш аз 20 низомии афғонро қатл карданд
Дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ахиран фаъолшавии гурӯҳҳои тундрави ҷунбиши “Толибон” мушоҳида мешавад, онҳо ба воҳидҳои нерӯҳои давлатӣ, ки дар ин минтақа мустақар ҳастанд, ҳамла меоваранд.
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар ҷараёни бархурди низомӣ бо ҷангиёни "Толибон" дар вилояти шимолу шарқии Бадахшон беш аз 20 нафар низомиёни артиши миллии Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад Afghanistan.ru бо истинод ба шабакаи телевизионии "Тулуъ".
Зикр мешавад, ки ин даргирӣ шаби ҷумъа дар вулусволии Ҷурм рух додааст. Бо истинод ба вазорати дифоъ ҳамчунин зикр шудааст, ки 14 нафар низомӣ ба асорати толибон афтода ва сари чаҳор нафар бурида шудааст.
Дар бораи теъдоди кушташудагон ва ба асорат афтидагон, ба иттилоъи хабаргузорӣ, иттилоъи зиддунақиз мерасанд, зеро шореҳи низомӣ Ҷовид Кӯҳистонӣ ба Afghanistan.ru хабар дод, ки ҷангиён 70 нафар низомиёни артиши миллии Афғонистонро кушта ба асорат гирифтаанд.
Намояндагони вилояти Бадахшон дар маҷлиси поёнии порлумон ба ҳукумат дар бораи фаъолшавии ҷангиён ва ҳамалоти онҳо ба сарбозони артиши миллӣ хабар додаанд, аммо аз сӯйи мақомот иқдоме рӯйи даст гирифта нашудааст ва онҳо ҳатто намояндаи худро барои баррасии вазъ ба минтақа эъзом накардаанд.
Бадахшон вилояти аз ҳама ноамни шимоли Афғонистон маҳсуб мешавад, ки дар қаламрави он ҳамвора гурӯҳҳои мухталифи тундрав фаъолияти тахрибкорона доранд.